Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1»-и ноҳияи Шаҳринав ба мавсими кишт омода мебошад
ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаҳои обрасони ноҳияи Шаҳринав ба мавсими кишт омода мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
6 апрел роҳбарияти ноҳияи Шаҳринав бо мақсади шиносоӣ ба пурра омода будани шабакаҳои обрасони ноҳия барои таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо об ва хизматрасонӣ аз Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1» дидан намуданд.
Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1», ки тариқи ду дастгоҳи обрасон дар мавзеи Сангичоб барои пурра таъмин намудани 250 гектар замини шартан обёришавандаи хоҷагии деҳқонии «Кишоварз» ва хоҷагиҳои хурди Ҷамоати деҳоти Чуст хизмат мерасонад, ба мавсим омода мебошад.
Дар ноҳия обёрии заминҳои корам аз моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи октябр идома меёбад.
Ба масъулин ҷиҳати тақвияти иқтидори кории шабакаҳои обрасон дар мавсими кишту кор ва таъмиру барқарор намудани дастгоҳҳои боқимонда бо роҳи дарёфти сарчашмаҳои иловагии молиявӣ дастуру супориши мушаххас дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






