Дабири кулли СММ даъват мекунад, ки ба амалҳо доир ба мубориза бо тағйирёбии иқлим суръат бахшида шавад
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш рӯзи шанбе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба амалиёт бар зидди тағйирёбии иқлим тавассути амиқтар ва зудтар коҳиш додани партовҳо суръат бахшида шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.
«Ба мо дар самти иқлим бо коҳиши амиқтар ва зудтари партовҳо амалҳои босуръат зарур мебошанд, то болоравии ҳарорати ҷаҳониро то 1,5 дараҷаи Селсий маҳдуд кунем»,- гуфт роҳбари СММ дар паёми худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии Замин (22 апрел).
«Ба мо инчунин сармоягузории азим барои мутобиқшавӣ ва баланд бардоштани устуворӣ зарур аст, бахусус дар кишварҳо ва ҷомеаҳои осебпазиртарин, ки барои эҷоди буҳрон камтар кор кардаанд»,-иброз дошт ӯ.
Роҳбари СММ ҳушдор дод, ки «амалҳои мо ҷангалҳо, бешазор, заминҳои кишт, ботлоқзор, уқёнусҳо, обсангҳои марҷонӣ, дарёҳо, баҳрҳо ва кӯлҳоро хароб мекунанд» ва давлатҳоро даъват кард, ки дар бораи муҳимтарин муносибати башарият, ки «муносибати мо бо олами табиат аст», андеша кунанд.
«Аз ҳавое, ки мо нафас мекашем, то обе, ки мо менӯшем ва замине, ки ғизои мо дар он мерӯяд, саломатии инсон ба саломатии Замин вобаста аст. Ва аммо ба назар чунин мерасад, ки мо ба нобудкунӣ майл дорем»,-гуфт ӯ. — Гуногунии биологӣ нобуд мешавад, зеро як миллион намуд дар остонаи нобудӣ қарор дорад. Мо бояд ба ин ҷанги бераҳмона ва бемаънӣ бо табиат хотима бахшем».
Дабири кулл таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои абзор, дониш ва роҳи ҳал аст, «аммо мо бояд суръати онро тезонем».
АКС: «Синхуа»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






