Роҳбарони шаҳрҳои шимолии Италия ҳаққи танзими истифодаи обро ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба шаҳрдорони 40 шаҳри Пемонта (вилоят дар шимолу ғарби Италия) ҳаққи танзими истифодаи об бинобар хушксолии навбатӣ, ки дар шимоли Италия ҳукмфармо аст, дода шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ иттилоъ додааст.
Узви шӯрои иҷроияи Пемонта Маттео Марнати ба рӯзноманигорони италиёвӣ гуфт, ки бо мансабдорон фармоне якдилона мувофиқа карда шуд, ки ба шаҳрдорон дар сурати зарурат иҷозати танзим намудани обро медиҳад.
«Сухан дар бораи 40 шаҳр, қабл аз ҳама, дар вилоятҳои Новара ва Вербания, Кусио Оссола меравад»-, изҳор дошт Маттео Марнати пас аз мулоқоти фаврӣ бо вазири ҳифзи муҳити зисти Италия Жилберто Пичетто.
Норасоии об дар шимоли Италия хеле ташвишовар аст. Нозирони маҳаллӣ иброз намуданд, ки мушкилии захираҳои об дар мавсиме рух додааст, ки дар ин айём одатан сарчашмаҳои об фаровон буд.
Сатҳи пасти бориш ва барф дар зимистони сипаригардида ҳолати ногувори мавҷударо боз ҳам бадтар намуд. Тобистони соли 2022 Италия ба бориши кам ва гармии тӯлонӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҳарорати муътадили зимистона ҳамчунин ба обшавии барфҳо дар кӯҳҳо сабаб шуд, таъкид медорад ВАО-и Италия.
Дар ин гуна ҳолат мақомоти маҳаллӣ акнун метавонанд ба истифодаи об на танҳо барои эҳтиёҷоти хона, балки ҷиҳати обёрии боғҳо, пур кардани ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар ҳадафҳои дуюмдараҷаи сокинон низ маҳдудият гузоранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






