«РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИЯТ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ РУШД». Дар Душанбе ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 масъалаи муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, инчунин таҳти унвони «Роҳҳои Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва дурнамои рушд» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Зимни он Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат –баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати воҳид табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт чандин лоиҳаҳои бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва шарикони рушд амалӣ гардонида шуд».
Гуфта шуд, ки зарфи 30 сол Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар ин давра 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ гардида, дар доираи ин тарҳҳо беш аз 2227 км роҳ, 259 пул, 6 нақб, 7 долони зиддитармавӣ, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа ба истифода дода шуд. Инчунин зарфи панҷ соли оянда- солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон беш аз 1000 км роҳи нақлиётӣ, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидитармавӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки қисмати зиёди онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар бозори хизматрасонии нақлиётии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии мамлакат соҳаи нақлиёти автомобилӣ аҳамияти калон дошта, ҳамлу нақли беш аз 93,1 фоизи бор ва 96,5 фоизи мусофир маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.


Дар ҷаласа доир ба тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан эҳёи шоҳроҳи бузурги Абрешим, тавсеаи долонҳои транзитӣ ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ бо назардошти имконоти мавҷуда ва мавқеияти хоси ҷуғрофии мамлакат ибрози назар карда, иштирокдорони ҷаласаи 46 –уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозонро ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи котиботи Шӯро, гузориш оид ба натиҷа ва татбиқи Протокол оид ба роҳҳои байналмилалии ИДМ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон шунида шуд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои муҳими марбут ба рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, табодули таҷриба, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори марбут ба роҳ ва долонҳои транзитӣ, самтҳои нави ҳаракати нақлиёт на танҳо аз қисмати Ҷанубу Шимол, балки аз қисмати Ғарб ва Шарқ, тавсеа роҳҳои транзитӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуда, қарорҳои марбута қабул намуданд, ки дар давлатҳои ИДМ аз рӯи онҳо кор бурда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон соли 1992 таъсис ёфта, ҳадафаш мусоидат ба рушд ва такмили шабакаҳои роҳҳои истифодаи умум, фароҳам овардани шароит барои истифодаи беҳтари иқтидори истеҳсолӣ ва илмию техникии идораҳои роҳҳои автомобилгарди давлатҳои аъзои ИДМ, расонидани кумак ба ҳукуматҳо дар самти ҳамкории ҳамоҳангшуда, сиёсати роҳ ва таҳкими равандҳои ҳамгироӣ, баланд бардоштани дараҷаи омода намудани мутахассисони соҳа ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба роҳу нақлиёт мебошад.
Баргузории ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ дар Душанбе дар ҳолест, ки аз 25 то то 10 май дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон мусобиқаи VI байналмилалии автомобилии Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон баргузор мешавад. Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон аз созмондиҳандагони мусобиқаи шашуми байналмилалии автомобилӣ буда, он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронида мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Сипас автомобилҳо дар масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон — Туркманистон — Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тус — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд. Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд






