«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар вилояти Хатлон даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Озмун бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ доир карда мешавад.
Дар шаҳри Левакант ин барномаи фарҳангӣ бо риояи талаботи Низомномаи баргузории озмун доир шуда, номинатсияҳои беҳтарин ба даври вилоятӣ, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Ҳамасола баргузор намудани озмуни «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» моҳи май ҷамъбаст карда мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






