Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон: «Бо барномаҳои нав соҳибкоронро дастгирӣ менамоем»

Апрель 12, 2023 16:20

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии  Сафири Фавқулода ва Мухтори  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Бино ба гуфтаи сафир, барои беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон ва  баланд бардоштани неруи техникии он сафорат мехоҳад ба  соҳибкорон кумак расонад.

«Мо ифтихор дорем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар ин ҷо боз кард. Дар тӯли 31 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳадафҳо ва ниятҳои Иёлоти Муттаҳида равшан, пайваста ва шаффоф буд, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи тамомияти арзии он, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мамлакат, беҳтар намудани сатҳи зиндагии халқи тоҷик бо роҳи тараққӣ додан ва васеъ намудани имконияти иқтисодӣ. Муколамаи ошкоро ва бо эҳтиром дар руҳияи шарикӣ оид ба ҳуқуқи инсон як банди пайваста ва қабулшудаи рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи мо мебошад. Ман низ ҳамкориро дар ин самт идома хоҳам дод. Ман кӯшиш менамоям, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон  дар густариши ҳамкории байнидавлатӣ  ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ҳамкории доимӣ ба роҳ монем», -илова намуд Мануэл Миккалер.

Сафир таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тӯли беш аз 30 сол бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва тавассути барномаҳои махсус   амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифро дар  Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

«Тайи як соли охир давлати Амрико ҷиҳати боло бурдани тавонмандии неруҳои амниятии Тоҷикистон барои таҷҳизоти аълосифат ва омӯзишҳои ихтисосӣ маблағ пешниҳод намуд. Ин кумак таҷҳизоти замонавӣ ва техникаи нави вазнинро барои эҷоди сарҳади амнтар, инчунин омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар бар гирифт. Имрӯз беш аз панҷ ҳазор тоҷик хатмкардаи барномаҳои табодули ҳукумати ИМА мебошад ва мо умедворем дар оянда ин шумора зиёд мешавад. Танҳо соли гузашта беш аз 1600 шаҳрванди Тоҷикистон имкони сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро пайдо кард ва шаш моҳ аст, ки мо баррасии нахустин раводиди муҳоҷиратро дар сафорати худ доир кардем, ки беш аз 500 раводиди муҳоҷират тасдиқ шудааст ва шумораи онҳо бо суръат меафзояд»,-илова кард сафир.

Ба гуфтаи Сафири Амрико, вай нақшаи сафар ба тамоми минтақаҳои  Тоҷикистонро дорад, ки тавассути ин бо фаъолияти ҳашт Маркази амрикоӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон  шинос мешавад.

«Ман хеле шодам, ки дар ин ҷо ҳастам, бо тоҷикон вомехӯрам, бо фарҳанги тоҷикон  шинос мешавам ва таърихи ғании шуморо меомӯзам»,-гуфт дар анҷоми нишасти матбуотӣ Сафир.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2023 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон барои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» бо Комиссияи иқтисодии СММ ҳамкорӣ менамояд
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»
Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд
Холид Ал-Фолеҳ: «Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон беш аз 14 лоиҳаро тавассути Фонди саудии рушд амалӣ намудааст»
Намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат дар Абу Забӣ иштирок намуд
Сироҷиддини Муҳриддин: «Музокироти сарони кишварҳои ИДМ дар фазои созандаю самарабахш ва корӣ баргузор шуд»
Сергей Лебедев аз нав Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин гардид
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард