САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА. Дар дунё аз 100 то 150 намуди он мерӯяд

Апрель 21, 2023 12:10

ДУШАНБЕ, 21.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 15 апрел дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама,  бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

 Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат»  машҳур буда, дорои навъҳои зиёде- аз 100 то 150 гуна аст. Доир ба навъу парвариши он номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Тоҷинисо Муродова дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, маълумот медиҳад.

— Ҷою макони аслии лолаи худрӯй мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африка мерӯяд ва дар ин давлатҳо нуфузу арзиши зиёде дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гули лола Амана Ҳонда ва Э. Попов, дар Эрон 19 хели гули лола мерӯяд.

Тибқи иттилои гиёҳшиносон, лола ба ду гурӯҳи калон – парваришӣ ва худрӯй тақсим мешавад. Баргҳои лолаи худрӯй нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои лолаи парваришшуда бузург буда, гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд. Лолаҳо ба таври умумӣ ба чор навъи асосӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, ки гули нисбатан қадкӯтоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ доранд. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг доранд; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гурӯҳ иборатанд: 1. Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъ бузургтарин гурӯҳи гулҳои лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин — баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в) лолаҳои деррас — ба ҳафт гурӯҳ тақсим шудааст: 1.Лолаи дерраси такпар, ки баръакси гурӯҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабаҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпӯшида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг аст бо ҳошияе аз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати байни гулбаргҳои он рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6. Гули тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хӯрдагӣ ва ба тутӣ монандӣ дорад; 7. Гули дерраси пурпар; г) гулҳои дорои шаклҳои махсус, ки ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯ монандӣ доранд; 2. Лолаҳои импературии дурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.

Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и лолаи ҳоландӣ шуруъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушода шудани гул ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар замони ҳозир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳои лолаи ҳоландӣ дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ҷойгоҳи аввал дорад.

Умуман, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ лола гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳор ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Мутаассифона, ин гули худрӯи табиии зебо умри нисбатан кӯтоҳе дорад, зеро он на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахтро дорад. Ин гули зебо дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва ба он бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ мебошанд. Гули лола гули ишқу муҳаббат, ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат буда, ҳаргиз ба ҳеҷ кадоми онҳо зарар намерасонад.


Хотиррасон намудан зарур аст, ки атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзори навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои гуногунранг бо санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр нури беҳамто мебахшад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас аст.

Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандандон ва махсусан ронандаҳои нақлиёти мусофирбар эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мусофиронро дар истгоҳҳо пиёда кунанд, ки ба меҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки пайи гулзору чаманзор ва ободонии шаҳр пайваста мекӯшанд, эҳтиром ба ҷо биоранд ва рӯи гулгаштҳо, ки неъмат аст, по нагузоранд, пасмондаҳои даҳону чизҳои нозарурро напартоянд ва ҳамчунин мошинҳояшонро нагузоранд.

Чунонки дар боло гуфтем, гули лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфтааст. Бисёре аз мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун ба таври таъбиру тасвир ва киноя истифода кардаанд: лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор ва ғайра.

Бисёр мутафаккирону шоирон барои обу ранг додан ва зебоии сухан гули лоларо образ додаанд. Чунончи, Сайидо навиштааст:

Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,
Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ!
Чун барги лола доғи маро тоза сохтӣ,
Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ!

Номи гули лола аз калимаи лол ё лаъл аз забони санскрит ба маънои «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.

Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз кӯҳҳои Помир то Тияншон ва ғайра воқеъ аст.

Гули лола ба салқинӣ нисбатан тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.

Навъҳои қадимии лола аз таркиби ду навъ: лолаи боғчаӣ ва лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъ аст: лолаи шинелқирмизӣ; лолаи императорӣ ва лолаи нилобӣ.

Ҳамин тариқ, гули лола танҳо ду-се моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн вобаста ба маҳалҳои гарму салқин идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2023 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд