Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2023 08:24

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

 Эмомалӣ Раҳмон

 Дуои сабзи модарони қаҳрамонон 

Дар саҳифаи аввали нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 24 апрели соли равон (шумораи 84) мақолаи танқидӣ бо сарлавҳаи «Ҳоли табоҳи муассисаҳои таълимӣ. Аз бебарқӣ то мушкилоти дигар» чоп шудааст, ки аз вазъи ногувори муассисаи таълимии №31, ки дар масофаи 2-3 км дуртар аз маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир аст, нақл мекунад.

Муаллиф менависад: «Вақте дохили яке аз синфхонаҳо шудем, таълимгирандагон дар як миз се нафар менишастанд, синфхона барои 18 хонанда мебошад, вале аз ночорӣ 32 хонандаро ҷой намудаанд» ва суол гузоштааст, ки «чаро масъулини ноҳия нисбат ба  ислоҳи камбудиҳо дар муассисаҳои таълимӣ бепарвоӣ мекунанд?».

Ҳамчунин дар ҳамин шумора мақолаи «Шаш дуои сабз» бо чунин муқаддима чоп шудааст: «Тамоми инсонҳо – бузургону қаҳрамонони олам дар домани поки модар зода, бо дуоҳои сабзи ӯ шукуфтаву бар симати номвариву шуҳрат расидаанд. Пас, ба фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, хосатан қаҳрамонони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур модарони арҷманду гаронқадрашон чӣ гуна дуо медоданд?».

Сипас муаллиф оид ба модарони қаҳрамонони Тоҷикистон ва дуои сабзи онҳо нақл карда, хонандаро ба дунёи зебои модарон ворид мекунад. Дар шумораҳои 85 ва 86  «Ҷумҳурият» гузоришҳои муфассал аз сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон бо аксҳои ҷолиб, хабарҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Левакант, ноҳияи Ашт ва дигар матолиб пешкаши хонандагон шудааст.

Истифодаи Интернет ва амнияти иттилоотӣ 

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи навбатӣ аз 25 апрел Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ташкили Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз вилояти Хатлон нашр карда, сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вилояти Хатлон инъикос кардааст.

Мусоҳибаи сармуҳаррири нашрия бо устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мавлонназаров  бо сарлавҳаи «Амнияти иттилоотӣ ва истифодаи дурусти Интернет» дар мавзуи муҳими рӯз дар саҳифаи сеюми нашрия чоп шудааст. «Истифода аз шабакаҳои интернетӣ яке аз роҳҳои паҳн кардани хабарҳо ва алоқаҳои бемаҳдуд байни инсон аст. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ маҳз барои ҷалби ҷавонон ба сафҳояшон аз интернет истифода мебаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ному насаби гуногун пайдо мешаванд ва мардумро ба домашон мекашанд. Бо ҷавонон тариқи интернет суҳбатҳо барпо мекунанд. Масалан, дар бораи истифодаи фейсбук. Шабу рӯз ҳар касе, ки барои қабули дӯстӣ паём мефирис­тад, онро дарҳол қабул мекунанд, лекин сурат дигар аст, маълумот дигар аст ва ӯ дар бораи мо маълумот ҷамъ кардан мегирад ва оҳиста-оҳиста бо мафкураи мо кор мекунад ва майнаи моро хароб мекунад ва баъд бо роҳҳои дигар моро тавсия медиҳад барои шомил шудан ба дигар гурӯҳҳо ва ахиран ба бадбахтӣ гирифтор мекунад», — бо чунин андешаҳо устоди Академияи идоракунии давлатӣ Силмон Мавлонназаров оид ба интернет ва зиёну фоидаи он изҳори назар кардааст.

«Шукуҳбахши зиндагӣ»

Нашрияи «Омӯзгор» дар шумораи навбатӣ мақолаи профессор Аламхон Кӯчарзода: «Устод Садриддин Айнӣ дар саргаҳи тағйири низоми таълим», андешаҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Малоҳат Икромова: «Башардӯстӣ асоси таълиму тарбия», маводи омӯзгор Г. Ҷӯраева: «Таҳлили лексикӣ», мақолаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар А. Муродов ва Ф. Абдураҳимов: «Шукуҳбахши зиндагӣ», мусоҳиба бо номзади илмҳои филологӣ А.Байзоев  ва дигар хабару гузоришҳоро аз фаъолияти  муассисаҳои миёнаву олӣ ва дастоварду муваффақият чоп кардааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар шумораи навбатӣ мақолаҳои «Муҳоҷирати занон афзудааст», «Технологияи иттилоотӣ ба зеҳни мо то куҷо таъсир мерасонад?», «Асосгузори ҳалуки искандарӣ», «Дастуре барои журналистони ҷавон», «Калиди мушкилкушои зиндагӣ»-ро нашр кардааст.

Акрами САНГ,
     АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2023 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти химия озмоишгоҳи маводи ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир ифтитоҳ гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
Президенти Тоҷикистон: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»
Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад