Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон аз АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 13.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам намояндагони воситаҳои ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расонидани рӯйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ба ҳар рӯйдоду воқеаҳои олам вокуниш нишон диҳанд ва маводи таҳлилӣ таҳия ва пешкаш намоянд», — чунин таъкид намуда буданд Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ 20 феврали соли 2019.
Аз суду зиён то зарбаҳои равонӣ ба наврасон
Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи 73 (аз 10 апрели соли 2023) хабарҳои расмиро дар бораи суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, ирсоли барқияи тасаллӣ вобаста ба даргузашти модари раиси Халқ маслиҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, мулоқоти Пешвои миллат бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич нашр карда, мақолаҳои таҳлилии «Шабакаҳои иҷтимоӣ. Аз суду зиён то зарбаҳои равонӣ ба наврасон», «Минтақаи Рашт ва санъати мусиқӣ. Фосилаи даҳсолаи беҳосил» ва силсилаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ: «Дуои модарам», «Ҷони ҷон гум кардаам», «Дар домани хоки Ҳисор», «Чароғи сӯзон»-ро барои озмуни «Дуои Модар» пешниҳоди хонанда кардааст.
Шаҳре, ки шукуҳи табиат ва замонаро ба ҳам тавъам сохтааст
Дар шумораи 74 (аз 11 апрели соли 2023) мусоҳиба бо Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа таҳти сарлавҳаи «Тоҷикистон – пешоҳанги ҳалли масоили об дар ҷаҳон» дарҷ гардида, бахшида ба Рӯзи пойтахт мақолаи «Душанбе- шаҳре, ки шукуҳи табиат ва замонаро ба ҳам тавъам сохтааст» пешниҳоди хонандагон шудааст. Мақолаи «Душанбе» оид ба рушди босуръат, зарфияти сайёҳӣ, ҷойҳои шоёни диққат ва муваффақияти дигари роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти рушди истеҳсолоту саноати пойтахти мамлакат нақл мекунад. Маводи «Кош фаришта мебудам», «Гавҳари ноёб» дар доираи озмуни «Дуои Модар» пешниҳоди хонандагон шудааст. «Ҳавзи моҳӣ дорему гӯшти моҳӣ не, чаро?» — бо ҳамин сарлавҳа мухбири нашрия Раҳмони Гулзор аз вазъи соҳаи моҳипарварӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кардааст: «Як вилояте, ки масоҳати он бештар аз 40 фоизи мамлакатро ташкил дода, қариб тамоми дарёҳои ҷумҳурӣ аз кӯлҳои он сарчашма мегиранд, на танҳо қудрати содироти моҳӣ надорад, балки гӯшти моҳиро дар бозору дигар нуқтаҳои савдои он кам андар кам дарёфт кардан мумкин аст… Дар Бадахшон зиёда аз 1500 ҳавзу обанбори гуногуни табиӣ вуҷуд дошта, дар баъзе обанборҳо захираи кофии моҳӣ мавҷуд аст. Калонтарин ҳавзҳои дорои захираҳои моҳии молӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инҳо- обанборҳои Булункӯл, Яшилкӯл, Зоркӯл, Чаканкӯл, силсилакӯлҳои Друмқӯл, Трумтайқӯл мебошанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳудуди вилоят баъзе ҳавзҳои хурди моҳидорӣ мавҷуд ҳастанд. Дарёҳои Помир, Ғунд, Шохдара ва Бартанг ҳам як миқдор моҳӣ доранд. Вале нисбат ба онҳо обанбори Булункӯл дорои захираи ғании моҳӣ мебошад ва ин обанбор аз он ҷиҳат ҳам фоидаовар аст, ки ба маркази вилоят наздик буда, роҳи нисбатан хуби мошингард дорад». Дар идома муаллиф навиштааст, ки бо мақсади рушди моҳипарварӣ аз вилояти Суғд 40 ҳазор моҳича оварда, ба ҳавзҳои моҳипарварии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа сар дода шуд.
«Мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню — Йорк овардем»
Нашрияи «Садои мардум» дар шумораҳои 51 (аз 10 апрел) ва 52 (аз 12 апрел) мақолаи муфассал ва хронологии муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Самариддин Айниддинро бо сарлавҳаи «2022 – соли эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон» пешкаши хонандагон кардааст. Дар мақолаи мазкур фаъолияти Сарвари давлат, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши сиёсати дохилӣ, рушди саноат ва энергетика, бунёд ва навсозии роҳҳо, рушди кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ бо арқом ва далелҳо инъикос шудааст.
Дар мақолаи «Қудрати муттаҳидсозӣ» мавзуи марбут ба чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА 22-24 март бо шаҳомат баргузор гардид, баррасӣ шудааст. «22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико силсилачорабиниҳое доир гардид, ки аз лиҳози моҳияту махсусият беназир буда, мақому манзалати бениҳоят баланд, обрӯву нуфузи хосса ва маҳбубияти бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба маърази ҷаҳониён гузошт», — менависад муаллифи мақола. Дар идома нигошта шудааст, ки Тоҷикистон давоми ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул кардааст. Дар натиҷа кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ доданд. Вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди «иқтисоди сабз» ва тавлиди «энергияи сабз» низ ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ изҳор доштанд: «Ин рӯзҳо дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню — Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем».
Хислати хоси хизматчиёни ҳарбӣ
Нашрияи «Народная газета» дар шумораи навбатии 16 (аз 12 апрели соли 2023) хабару гузоришҳои расмиро аз ҷараёни сафари расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон С.Бердимуҳамедов, мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия И.Дечич чоп карда, мақолаҳои «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати хориҷӣ» — муаллиф Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин ва «Соли эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон» — муаллифон А.Шарифзода ва С.Айниддинро пешкаши хонандагон намудааст. Яке аз хислатҳои хос ва наҷиби хизматчиёни ҳарбии тоҷик дар ватандӯстии онҳост – чунин аст мазмуни асосии мақолаи хабарнигори нашрия Л. Эшонқулова, ки дар мавзуи муҳими рӯз навишта шуда, дар шумораи навбатии «Народная газета» чоп шудааст.
Эҳёгари шоҳроҳи Абрешим
Нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» ба ифтихори Рӯзи пойтахт бо сарлавҳаи «Оинаи миллатмеҳвар» мақолаи муфассалро пешкаши хонандагон намудаст, ки аз боби вусъати корҳои ободонӣ дар пойтахти мамлакат нақл мекунад. «Тайи 6 соли охир пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Самараи иқдому ташаббусҳои шаҳрдорӣ буд, ки Душанбе дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда, ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуда, ҳамчун пойтахти сайёҳии давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид ва ба қатори 10 шаҳри дар фасли тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби ИДМ шомил гашт», — навишта шудааст дар нашрия. Ҳамчунин мақолаҳои «Душанбе, Лоҳур, Исломобод – эҳёгарони Шоҳроҳи бузурги абрешим», «Аъзои ҲХДТ – тарғибгари ғояҳои ватандӯстӣ» мунтазири хонандагон аст.
Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»