ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, душанбе, 114-умин рӯзи соли 2023 аст
24 апрели соли 2022 дар байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ доир гардид.
***
24 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.
***
24 апрели соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин муҳокима гардид.
24 АПРЕЛ:
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамраъйии ҷавонон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти лабораторӣ.
РӮЙДОДҲО:
24 апрели соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Иcтиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир шуд.
***
24 апрели соли 2014 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар дод, ки дар ин рӯз дар Брюссел мизи мудаввар дар мавзуи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: соҳибкорӣ ва имконияти сармоягузорӣ, нақши Иттиҳоди Аврупо дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» баргузор гардид.
***
24 апрели соли 2014 дар Душанбе масоили рушди ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Корея муҳокима шуд.
***
24 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии низоми маориф доир гашт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Шумқор Одинабеков -соли 1928- сарояндаи маъруфи тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






