Теъдоди ҳалокшудагон бар асари фоҷиаи марбут ба машруботи қалбакӣ дар Ҳиндустон ба 32 нафар расид
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари истеъмоли машруботи заҳролуд дар музофоти Биҳори шарқи Ҳиндустон ба 32 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе радиои давлатии «All India Radio» хабар додааст.
«Дар Биҳор шумораи ҳалокшудагон аз истеъмоли машруботи қалбакӣ ба 32 нафар расид», — изҳор намуданд дар радио. «Ин рақам эҳтимол афзоиш ёбад, зеро 14 нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд ва дар бемористонҳои мухталифи Мотиҳарӣ ва Музаффарпур табобат мегиранд».
То ин муддат полис дар робита ба ҳодиса 108 нафарро боздошта, беш аз 6000 литр машруботро мусодира кардааст.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири вилояти Биҳор Нитиш Кумар рӯзи душанбе эълон кард, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон ба андозаи 4881 доллар ҷубронпулӣ пардохт хоҳад кард.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховра»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






