Тоҷикистон ва Чин доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Сиан бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ган мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, алалхусус чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар байни Тоҷикистон ва Чин ва Саммити сарони давлатҳоро дар қолаби сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин бо такя бо иштироки стратегии ду мамлакат ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои калидии мамлакат, маориф, тиб, туризм ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтои чинии худ- узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони барояш мувофиқ даъват ба амал овард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд






