Тоҷикистон ва Молдова таъсиси корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатиро зарур донистанд

Апрель 14, 2023 14:04

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Молдова бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ба тақвият додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ диққати махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳар ду давлат зарфияти васеъ ва имконияти истифоданашуда доранд. Аз ин рӯ, ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат таъсиси корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ, инчунин баргузор намудани форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Молдова зарур дониста шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2023 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид