Чӣ тавр муштариро давоми 2 дақиқаю 45 сония метавон хурсанд кард

Апрель 24, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Оператори имконияти нави рақамӣ ҳамарӯза қариб 6 000 муроҷиати муштариёнро баррасӣ менамояд. Ин нишондиҳандаи миёна аст: рӯзҳое мешаванд, ки фаъолнокии сокинони Тоҷикистон ба маротиб меафзояд. Давоми рӯз 120 мушовири ширкат омода аст, ки ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода, талаботи мизоҷонро қонеъ гардонад.

Муштариён чӣ мехоҳанд, барои чӣ онҳо занг мезананд ва менависанд?

Байни мавзуъҳои бештар мушоҳидашаванда ивази тарофа, пайвасткунии опсияҳо, кумак бо танзимкунии интернет дар смартфон қарор доранд. Вазифаи хадамоти мизоҷони МегаФон – дарҳол ҳал кардани масъалаи муштарӣ якбора пас аз воридшавии муроҷиати ӯ ба шумор меравад. Мувофиқи меъёрҳои дохилии ширкат 90% дархостҳои ба онлайн-чат воридшаванда бояд ҳамин тавр мавриди коркард қарор гиранд – барои оператори рақамӣ ин шабакаи асосии муошират бо муштариён мебошад. Кормандони МегаФон ин меъёрҳоро пурра иҷро менамоянд.

Вақти миёнаи хизматрасонӣ 2 дақиқаю 45 сонияро ташкил медиҳад. Агар масъала ба ягон хизматрасонии мураккаб рабт дошта бошад, муошират метавонад то шаш дақиқа давом кунад. Дар ин муддат корманди хадамоти мизоҷон моҳияти пешниҳодро тавсиф менамояд, намуд ва танзими ҷории дастгоҳи мобилии муштариро аниқ мекунад, мушкилии ӯро ҳал менамояд ва тавре амал мекунад, ки табъи муштарӣ болида бошад!

Мизоҷон ба оператор дар ҷавоб муносибати нек изҳор менамоянд. Ба сифати хизматрасонии мобилӣ ва сервис муштариён якбора пас аз анҷоми хизматрасонӣ баҳо гузошта метавонанд. Қайдҳои худро сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла, барои баёни миннатдории хеш мегузоранд. Ҳамин тавр, Далер аз шаҳри Бохтар барои муносибати хуби кормандон нисбат ба мизоҷон изҳори сипос намуд. Шаҳло аз шаҳри Кӯлоб барои муомилаи хуби мушовирон ва замимаи қулайи «МегаФон Life» миннатдорӣ баён намуд.

Боз якчанд фикру мулоҳизаи кӯтоҳи дигар: «Ба ман МегаФон Тоҷикистон хеле писанд аст. Ман ва оилаи ман МегаФонро истифода мебарем. Бешубҳа, тавсия медиҳам!», – менависад Эҳсон аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд.

«Ман аллакай зиёда аз шаш сол муштарӣ ҳастам ва аз хизматрасониҳо розиям, — изҳор дошт Шаҳзод аз ноҳияи Ваҳдат.

«Ба ман сатҳи хизматрасонӣ писанд аст ва ин мувофиқ аст. Мехоҳам, ки дӯстонам низ оид ба МегаФон маълумот пайдо намоянд», — мегӯяд сокини пойтахт Омина.

Ба саволҳои мизоҷон зуд ва босифат ҷавоб додан, доимо онлайн ва офлайн дар алоқа будан – чунин аст стретегияи оператор. Хизматрасонии сатҳи баланд шояд миннатдории беҳтарин барои суханҳои самимии тоҷикистониён бошад.

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Апрель 24, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид