Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раванди иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшуда байни Роҳбарони олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи саноат, энергетика, геология, логистика ва содирот зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Вазири маъданҳои кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон Бобир Исломов дар Душанебе баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон аҳамияти амалишавии лоиҳаҳои муштаракро тибқи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки 12 майи соли равон дар Тошканд доир гардид, таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин натиҷаи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Узбекистонро ба минтақаҳои саноатию энергетикӣ ва таърихии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, ки 22-23 май доир шуд, баррасӣ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани иқдоми мушаххас санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






