Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Фаронса дар ҳошияи баргузории иҷлосияи 90-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот вохӯрии Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот Моник Элуа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ якчанд масоили ба соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҷонибҳо минбаъд низ ҳамкориро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи солимии ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама имконоти мавҷуда самаранок истифода менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон шуруъ аз 21 май дар иҷлосияи 90-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот (МЭБ) (OIE), ки дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, иштирок дорад. Дар ин ҷаласа намояндагони 178 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.
Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот соли 1924 дар шаҳри Париж таъсис шуда, дар айни замон 178 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон (аз соли 1993) аъзои он мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот то 25 май идома меёбад.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






