ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН! Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи 200-нафараи афсарони ҷавон ҳамроҳ шуд

Май 1, 2023 11:06

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи қариб 200-нафараи афсарони ҷавон ҳамроҳ гардид. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хатмкунандагони навбатии худро ба сафи Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ ба кори мустақилонаи ҳарбӣ гусел намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маросими бошукуҳи ҷашнӣ ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шуруъ гардид.

Дар ҷараёни ин ҳамоиши муҳими низомӣ бо амри масъули донишкада ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдон бароварда шуда, аз тарафи ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд.

Таъкид бояд кард, ки тайи солҳои охир раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ чанд тан аз курсантони фаъол ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро бо баҳои аъло хатм намуданд.

Масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат маросими хатми донишҷӯёнро рӯйдоди хеле  хотирмону  фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар ин роҳи пуршарафи хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлол ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбӣ таманно намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Донишкадаи ҳарбӣ аз соли 1993 инҷониб дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Он аз рӯйи 18 ихтисос мутахассиси варзидаи низомӣ омода намуда, дар самти таъмину пуррагардонии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад