«ҶАВОНОН-МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ». Ҳадафи форуми миллӣ баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон оид ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон буд

Май 16, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми миллии соҳибкорӣ таҳти унвони «Ҷавонон – муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид, ки ҳадаф аз он ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ буда, ба таъсиси ҷойи кор барои ҷавонон мусоидат менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Форуми мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) доир гардид.

Дар форум иброз гардид, ки ҷавонон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Маҳз ҷавонон метавонанд бо донишу заковати худ давлати азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

«Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанг ва иқтисодиёту иҷтимоиёти миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд», -гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода.

Мақсад аз баргузор намудани форум- баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён вобаста ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода вобаста ба такмили донишҳои назариявӣ ва амалии дониҷӯён дар самти иқтисодӣ ибрози андеша намуд. Таъкид шуд, ки дар форуми мазкур қисми зиёди иштирокчиён донишҷӯёни равияҳои иқтисодии донишгоҳ ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат мебошанд. Маҳз тавассути баргузор гардидани чунин ҳамоишҳо донишҷӯён метавонанд донишҳои назариявии худро дар амалия татбиқ намоянд.

«Тарбия намудани ҷавонон- муҳаррики асосии рушди давлат дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар равияҳои гуногун яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат мебошад»,- гуфта шуд дар форум.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 16, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид