Ба ҷазираи Гуам тӯфони азими «Мавар» наздик мешавад

Май 25, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони азими тропикӣ ҳанӯз метавонад қаламрави Амрикоро убур кунад, лекин шамоли шадид аллакай қисми зиёди ҷазираро бе барқ гузоштааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Euronews».

Сокинони Гуам дар бораи ба амал омадани шамоли шадид, сар задани сел ва баландшавии сатҳи об то 4, 5 метр огоҳ карда шудаанд.

Мувофиқи иттилои обуҳавошиносон, субҳи рӯзи чоршанбе тӯфони азим тақрибан 110 км аз соҳили қаламрави Амрико дар уқёнуси Ором қарор дошта, суръати шамол ба 225 км/соат мерасид.

Аз сабаби хатари обхезӣ, мақомоти маҳаллӣ сокинонеро, ки манзилҳояшон аз тунукаву чӯб сохта шудаст, ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд.

Рӯзи гузашта президенти ИМА Ҷо Байден дар ҷазира ҳолати фавқулоддаро эълон кард ва дастур дод, ки ба аҳолӣ кумаки федералӣ расонида шавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид