Ба Тоҷикистон тӯфони чангу ғубор ворид мешавад. Барои пешгирии он чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари тағйирёбии вазъи ҳаво пагоҳ, 12 май ба ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе воридшавии тӯфони чангу ғубор дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии мамлакат мерасонад, ки нафароне, ки аз бемориҳои дилу рагҳо ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалии қанд мебошанд, дар ин рӯзҳо ба вазъи саломатиашон бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ба иттилои Кумита, ронандагон, дӯстдорони сайру саёҳат бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳо ва техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳиро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд мебошад.
Дар робита ба пешгирии чангу ғубор чанд тавсияи Кумитаро ба аҳолӣ пешниҳод менамоем:
- Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст.
- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок барои нишаст ба замин мутамарказ мешаванд. Қариби нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
- Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
- Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ҳамзамон ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафас мебошанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳанд, ҳамеша бо худ ингалятор дошта бошанд, агар талабот ба инглаятор аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд






