Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба фурӯш мебарорад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба фурӯш баровард. Ба фурӯш баровардани тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ бо мақсади таъмини талаботи нумизматӣ ва коллексионии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Хоҳишмандон метавонанд барои харидории тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами телефони (44) 600-31-21 муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон шаҳрвандон имкон доранд, ки ҷиҳати харидории тангаҳои хотиравӣ ба шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм муроҷиат намоянд.
Маълумоти бештарро шаҳрвандон метавонанд аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1087 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд






