COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) мақоми пандемияи COVID-19-ро бекор кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар медиҳад.
«Зиёда аз як сол аст, ки пандемия тамоюл ба камшавӣ дорад: масунияти аҳолӣ ба сироятҳо афзоиш ёфта, фавт коҳиш меёбад ва фишор ба низоми тандурустӣ пасттар мешавад. Ин ба аксари давлатҳо имкон дод, ки ба ҳаёт баргарданд, тавре ки мо онҳоро пеш аз сирояти коронавирус медонистем, аз ин рӯ ман умедворам, ки метавонам анҷоми пандемияро эълон кунам»,- иброз дошт Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус дар нишасти матбуотӣ дар Женева.
Ёдовар мешавем, ки COVID-19, ки бар асари паҳншавии коронавируси SARS-CoV-2 ба вуҷуд омад, 30 январи соли 2020 дар соҳаи тандурустӣ дар сатҳи байналмилалӣ расман вазъи фавқулода эълон шуд ва 11 март мақоми пандемияи ҳолати фавқулодаро гирифт.
Вирус 114 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт. Аз оғози пандемия дар саросари ҷаҳон 20 миллион нафар фавтид.
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






