ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ

Июль 8, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Формулаи сулҳи тоҷикон бар пояи арзишҳои муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои мутақобила ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо бунёд гардида, аз доираи сиёсати миллӣ фаротар рафтааст. Натиҷаи мантиқии чунин сиёсати созанда қабули якдилонаи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ин иқдоми ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи сулҳофарӣ ва дипломатияи пешгирикунанда аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Дар раванди давлатсозии Тоҷикистони муосир, дар асоси таҷрибаи сулҳофарии миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат се самти стратегӣ ҳамчун пояҳои устувори давлатдорӣ шакл гирифтаанд, ки дар маҷмуи худ метавон онҳоро «формулаи рушди давлатдории муосири Тоҷикистон» арзёбӣ намуд.

Якум поя — барқарорсозии сулҳ ва муттаҳидсозии ҷомеа мебошад, ки дар заминаи он давлат тавонист аз ҳолати низоъ ва парокандагии иҷтимоӣ ба марҳилаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии сиёсӣ гузарад. Ин раванд на танҳо қатъи ҷанг, балки барқарор намудани эътимоди байни шаҳрвандон, таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи руҳияи ягонагии давлатдориро дар бар гирифт.

Дуюм поя — таъмини суботи сиёсӣ тавассути таҳкими институтҳои давлатӣ ва сиёсати мувозинат мебошад. Дар ин марҳила низоми давлатдорӣ тадриҷан устувор гардида, институтҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идоракунӣ такмил ёфтанд. Сиёсати мувозинат ва устувории дохилӣ имконият дод, ки равандҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва манфиатҳои миллӣ идора карда шаванд.

Сеюм поя — рушди иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими заминаҳои устувори сулҳ барои наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила рушди инфрасохтор, энергетика, маориф ва бахши иҷтимоӣ ба сифати омили асосии таҳкими суботи дарозмуддат хизмат намуд.

Дар маҷмуи ин се самт, модели давлатдории Тоҷикистон ҳамчун системаи пайвастаи сулҳсозӣ, суботнигоҳдорӣ ва рушди устувор ташаккул ёфта, имрӯз дар чаҳорчӯби ташаббусҳои байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи омӯзишӣ ва намунаи амалӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» боз як далели возеҳу равшани он аст, ки сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар ин замина, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун модели нодири ҳалли низоъҳои дохилӣ ва барқарорсозии давлатдорӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва арзёбии ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Бо назардошти самаранокӣ ва натиҷабахшии ин таҷриба, дар муҳити дипломатӣ ва илмии як қатор давлатҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва истифодаи «формулаи сулҳ»-и тоҷикон ҳамчун намунаи амалӣ ва қобили татбиқ дар раванди ҳалли низоъҳо ва таҳкими ваҳдати миллӣ афзоиш ёфта истодааст. Ин раванд бозгӯи он аст, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дорои арзиши фаромиллӣ буда, метавонад ҳамчун модели омӯзишӣ дар арсаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирад.

Формулаи сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ собит менамояд, ки сулҳ танҳо натиҷаи хотимаи ҷанг нест, балки раванди дарозмуддати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки аз се унсури асосӣ иборат аст: хотима додани низоъ ва барқарорсозии эътимоди миллӣ, нигоҳ доштани сулҳи устувор тавассути давлатдории қавӣ ва рушди пайвастаи иқтисодиву иҷтимоӣ барои беҳбудии зиндагии мардум ва таъмини ояндаи устувори наслҳо.

Имрӯз масъулияти таърихии бузург бар дӯши ҷавонон вогузор шудааст — ҷавононе, ки беш аз 70 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва ояндаи давлат дар дасти қавии онҳо қарор дорад. Ин на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург ва рисолати муқаддас аст.

Ба насли ҷавон чунин паёми устувор ва ҳушдордиҳандаи миллӣ дода мешавад: зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед, зери таъсири андешаҳои бегона, ифротгароӣ ва таблиғоти носолим қарор нагиред. Бо ақли солим, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ зиндагӣ кунед. Илм омӯзед, касб аз худ намоед, донишро силоҳи асосии худ созед. Ватанро дӯст доред, ба он содиқона хизмат кунед ва дар ҳар ҷабҳаи ҳаёт барои рушди он саҳм гузоред. Зеро қудрати ҳақиқии миллат дар сатҳи дониш, тафаккур, ахлоқ ва масъулияти ҷавонони он аст.

Ҷавонони имрӯз на танҳо ворисони давлат, балки созандагони фардои он мебошанд. Танҳо бо хиради сиёсӣ, маърифати баланд, иродаи устувор ва ваҳдати миллӣ метавонанд ин рисолати бузурги таърихиро сарбаландона иҷро намоянд ва номи худро ҳамчун насли созанда ва шуҳратманд дар таърихи миллат сабт кунанд.

Қабули якдилонаи ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ далели равшани эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом бозгӯи он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти сулҳофарӣ, таҳкими эътимод ва ҳамкории байни давлатҳо ҳамчун намунаи муваффақ эътироф менамояд. Дар шароите, ки ҷаҳон бо афзоиши низоъҳои сиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои башардӯстона рӯ ба рӯ гардидааст, чунин ташаббус аҳамияти махсуси стратегӣ ва инсондӯстона касб мекунад.

Моҳияти асосии ин ташаббус ба ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи таҳаммулпазирӣ ва масъулияти глобалӣ равона гардидааст. Сарвари давлат сулҳро танҳо ҳамчун ҳолати набудани ҷанг арзёбӣ намекунанд, балки онро шарти асосии рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи шаъну шарафи инсон медонанд. Маҳз ҳамин дидгоҳи фарогир «формулаи сулҳ»-и Тоҷикистонро аз бисёр назарияҳои сиёсӣ фарқ намуда, онро ба як модели муосири дипломатияи пешгирикунанда ва ҳамкории байналмилалӣ табдил додааст.

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон, ки баъди барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, имрӯз ба як мактаби эътирофшудаи сулҳофарӣ дар сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати хориҷии башардӯстонаи Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафи он муттаҳид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии низоъҳо, густариши муколамаи тамаддунҳо ва таҳкими амнияти байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳод нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо иштирокчии равандҳои байналмилалӣ, балки ташаббускори ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу амният низ мебошад.

Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки формулаи сулҳи тоҷикон имрӯз аз доираи сиёсати миллӣ фаротар рафта, ба як консепсияи эътирофшудаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Қабули қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид на танҳо пирӯзии дипломатияи Тоҷикистон, балки дастоварди муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи таҳкими сулҳи пойдор ва рушди устувор мебошад. Ин ташаббус бори дигар собит сохт, ки сиёсати хирадмандона, муколама, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда метавонанд асоси бунёди ҷаҳони орому амн барои наслҳои имрӯзу фардо гарданд.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ