«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ба меҳмонӣ ба Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод мераванд

Май 14, 2023 17:55

 ДУШАНБЕ, 14.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 15 то 19 май аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод рӯзҳои меҳмонӣ доир мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар ин шаҳру ноҳияҳо барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар аст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.

Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  таҳкими сулҳу субот дар мамлакат баргузор карда мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2023 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид