Дар Афғонистон 2,3 миллион кӯдак метавонад бо норасоии ғизо рӯ ба рӯ шавад

Май 19, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 90% аҳолии Афғонистон, аз ҷумла кӯдакон дар остонаи камбизоатӣ қарор доранд. Дар ин хусус намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Фран Экиса дар брифинги матбуотӣ дар Ню — Йорк  хабар додааст,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс».

Мувофиқи гуфтаи ӯ, соли 2023  2,3 миллион кӯдак метавонад бо камғизоӣ рӯбарӯ шавад, ки зимнан 175 ҳазор нафари он ба табобати ҳолате, ки бо норасоии ғизо алоқаманд аст, ниёз дорад.

Экиса илова кард, ки барои  татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаи ЮНИСЕФ оид ба дастгирии кӯдакони Афғонистон ҳоло танҳо 22% маблағи дархостшуда ҷудо карда шудааст.

«Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки муттаҳид шуда, ба мо дар сабук кардани ранҷу азоби кӯдакон, занон ва оилаҳо дар Афғонистон кумак кунанд», — баён дошт ӯ.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 19, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад