Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мавзуи буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири он ба тоҷикони Афғонистон ҳамоиш доир шуд

Май 27, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири  он ба тоҷикони Афғонистон» ҳамоиши навбатии илмӣ-оммавӣ баргузор гардид.   Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар Маркази мероси хаттӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш олимон ва ҷомеашиносон, намояндагони аҳли зиёи Афғонистони муқими Тоҷикистон иштирок карда, мавзуи мавриди назарро муҳокима ва андешаҳои хешро баҳри раҳоӣ аз ин вазъият пешниҳод намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлати фарогири ҳамаи қишрҳо ва халқияту миллатҳои Афғонистон ва дастрасии мардуми ситамкаши ин мамлакат ба кумакҳои ғизоӣ сухан гуфт.

Доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров оид ба моҳияти баргузории силсиламашваратҳо ва ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон ибрози назар намуд.

Дар маърузаҳои худ докторанти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаёзиддин Ғиёсӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Аброр Мирсаидов аз фалокатҳои буҳрони ғизоии Афғонистон ва заъфи хукумати толибон бо далелҳои муътамад суҳбат карда, омилҳо ва роҳҳои ҳалли ин масъаларо шарҳ  доданд.

Сипас Раиси бунёди «Аҳмадшоҳи Масъуд» Валӣ Аҳмад Масъуд, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод оид ба беҳбуди таъмини мардуми Афғонистон бо маводи ғизоӣ, пешгирии фалокатҳои башарӣ ва мубориза бо  қочоқи ғизоӣ таклифу пешниҳодҳо ироа намуданд.

Зимни ҳамоиш дар шакли маҷозӣ коршиносони шинохта,  олимони Афғонистони муқими Аврупо ва Амрико иштирок карда, атрофи мавзуъ изҳори назар намуданд.

АКС: Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 27, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад