Дар Душанбе бо мақсади беҳтаршавии сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт вохӯрии гурӯҳи корӣ доир гардид

Май 26, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 май бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе ва масъулини  сохтору  бахши техникии корхонаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе бо мақсади хубтару беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт,  ҳамзамон пурзўр намудани назорати раванди фаъолияти ронандагон дар шабакаи хатҳои сайр ва бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷаласаи корӣ  доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд.

Таъкид карда шуд, ки бо фаро расидани фасли гармо масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбарии пойтахтро мебояд, ки баҳри хизматрасонии сатҳи баланд,  қабл аз ҳама ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти ба хатҳои сайр сафарбаргардида диққати авалиндараҷа дода, назорати фаъолияти ронандагонро дар шабакаи хатҳои сайр пурзўр намоянд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба риоя нагардидани пўшидани либоси ягонаи расмӣ аз ҷониби ронандагон ва инчунин зимни фаъолияти мусофирбарӣ бо телефони мобилӣ гуфтугу намудани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар ин замина ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдор ва кормандони масъули корхонаҳои нақлиётӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин гуфта шуд, ки пеш аз ба хати сайр сафарбар намудани воситаҳои нақлиёт, кормандони масъули корхонаҳои нақлиётӣ бояд  ба ҳолати техникӣ ва тозагии воситаҳои нақлиёт диққати авалиндараҷа дода, доир ба риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ бо ронандагон пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки баҳри пешрафти соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ дар пойтахт дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим  мо, кормандони ин соҳаро мебояд аз ҳарвақта дида,  дар ин самт заҳмат кашида, ба сокинону меҳмонони пойтахт дар сатҳи баланд хизмат расонда,  саҳми босазои худро дар рушду нумуи мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе гузорем.

АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

Май 26, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд