Дар Душанбе бори аввал ниммарафони байналмилалии Оne Run баргузор мешавад

Май 30, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе  бори нахуст ниммарафони байналмилалии One Run гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусобиқа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ ва «Лигаи Қаҳрамонон»-и Русия баргузор мегардад.

Дар дави байналмиллалӣ, ки рӯзи якшанбе, 4 июн доир мешавад, қариб 1000 нафар иштирок хоҳад кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, он дар чаҳор масофа — 1, 5, 10 ё 21,1 километр баргузор мегардад. Оғози мусобиқа аз ипподроми «Наврӯзгоҳ» ба нақша гирифта шудааст.

Маълум аст, ки дилхоҳ хоҳишманд метавонад иштирокчии ниммарафон шавад. Барои ин шумо бояд худро пешакӣ дар сомонаи — https://heroleague.ru/calendar сабти ном кунед.

Қобили тазаккур аст, ки чунин дав ҳамзамон соати 09:00 ба вақти Москва дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ оғоз мешавад. Нахустин бор ба ин мусобиқа дар баробари Тоҷикистон давлатҳои дигар, аз ҷумла Чин, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон низ ҳамроҳ шуданд.

Дар маҷмуъ, тақрибан 160 ҳазор нафар ба оғози ниммарафони байналмилалӣ мебароянд.

Пайрави ҚОСИМ,
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд