Дар Душанбе нишасти афсарони миллии иртиботии беш аз 30 давлати аъзои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Май 24, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА нишасти афсарони миллии иртиботиро баргузор намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар нишасти мазкур намояндагони зиёда аз 30 давлати аъзои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба таври ҳузурӣ иштирок карда, беш  аз 35 давлати аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ тариқи маҷозӣ ба ҳамоиш пайваст шуд. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ташкил карда шуд.

Ба гуфтаи Директори агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ядроии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, ҳамоиш то 26 май идома ёфта, дар он мутахассисон лоиҳаҳои марбут ба солимгардонии партовҳои коркарди маъдани уран, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, соҳаи тандурустӣ, таҷҳизонидани марказҳои саратоншиносӣ бо таҷҳизоти муосир барои пешгирӣ кардани бемориҳои саратон, ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи радионуклитҳо ва технологияҳои радиатсионӣ барои муайян кардани синни пиряхҳо, ҳифзи ин пиряхҳо, инчунин лоиҳаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Ҷаласаи солонаи афсарони миллии робитаҳо ба такмил ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории техникии АБНА бахшида шуда, барои мамлакатҳои аъзо платформаи муҳим ҷиҳати ҳамкорӣ ва табодули афкор, таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барномаҳои ҳамкории техникии АБНА мебошад»,-изҳор дошт директори агентӣ.

Таъкид гардид, ки ин ҳамоиш ба намояндагони кишварҳои аъзои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷориро арзёбӣ кунанд, роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти пайдошударо омӯзанд ва доир ба масъалаҳои муҳимми ҳамкории техникӣ, бо мақсаду ҳадафҳои осоишта истифода бурдани илм ва техникаи ядроӣ маъруза намоянд.

Дар нишасте, ки тайи 4 рӯз дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати коршиносон, аз ҷумла афсарони равобити миллӣ, сиёсатмадорон, ходимони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони фаннӣ иштирок мекунанд.

Иштирокчиён зимни баргузории ҷаласаҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо бо ҳам мубодилаи афкор намуда, барномаҳои ҳамкории техникии АБНА ва инчунин мувофиқати онҳоро бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вазифаҳои асосии ҷаласаи мазкур, ки аз 5 бахш иборат мебошад, асосан ба уҳдадории АБНА оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва расонидани кумаки мақсаднок ба давлатҳои аъзо дар истифодаи иқтидори илм ва технологияи ядроӣ бахшида мешавад.

Натиҷаҳои вохӯрӣ барои ташаккули стратегияҳо, сиёсатҳо ва ташаббусҳои оянда, ки ба рушди осоишта ва устувори давлатҳои аъзо, аз ҷумла Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи илм ва технологияи ядроӣ мусоидат мекунад, муфид хоҳад буд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 24, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд