Дар Душанбе Стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонки исломии рушд таҳти роҳбарии Директори минтақавии он дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид, ки зимни он стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи вохӯрӣ Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Стратегияи мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба 3 соли минбаъда равона карда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар доираи Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд ба соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, рақамикунонӣ ва бахши хусусӣ афзалияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






