Дар Душанбе вобаста ба захираҳои об, инноватсия ва энергиясарфанамоӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

Май 9, 2023 17:58

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 октябри соли равон дар Душанбе таҳти унвони  «Захираҳои об, инноватсия, захира-ва энергиясарфанамоӣ» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ  баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Конференсия бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим ва ғайра  мебошад.

Конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

— Усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об;

— Истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;

— Гидроэкология, гидрохимия ва сифати об;

— Рушди устувор ва иқтисоди «сабз»;

— Иншоотҳои гидротехникӣ ва сохтмон;

— Дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

— Энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ;

— Аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор;

— Масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор;

— Баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2023 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид