Дар Ховалинг кишти картошка идома дошта, асосан тухмии беларусӣ кошта мешавад
ХОВАЛИНГ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ноҳияи Ховалинг бо истифода аз техникаи кишоварзию тухмии хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишти картошка идома дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар баробари дигар кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи «Сайдаҳмад Каримов» ба кишти ин намуди маҳсулот оғоз намудааст. Тухмии картошкаро Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намудааст, ки навъи галла буда, аз Ҷумҳурии Беларус харидорӣ шудааст. Кормандони муассиса бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар ин мавзеъ дар майдони ду гектар картошка мекоранд.
Иқлими ноҳияи Ховалинг барои картошкакорӣ мувофиқ буда, дар ҳолати сари вақт таъмин намудани оби полезӣ ҳосили фаровон ба даст меояд. Солҳои пешин дар ин ҷо аз навъҳои дигари картошка истифода мекарданд ва имсол навъи галларо, ки дар Беларус беш аз 600-сентнерӣ ҳосил медиҳад, кишт менамоянд.
Мутахассисон бар ин ақида ҳастанд, ки бо мусоид омадани обу ҳаво кишоварзон имкон доранд аз 600-сентнерӣ ҳам зиёдтар ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Дар дигар хоҷагиҳои ҷамоатҳо ҳам кишти картошка вусъати тоза касб мекунад.
Тавре муовини раиси ноҳияи Ховалинг Саймуъмин Рауфзода иттилоъ дод, «баҳри осон гардидани кори деҳқон ва сари вақт гузаронидани кишту риояи қоидаҳои агротехникӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳоро бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин намуда, ҳамасола тухмиҳои хушсифатро дастрас ва ба хоҷагидорон пешниҳод менамоянд. Таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва чоҳҳои амудӣ аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дастрасии кишоварзонро ба оби полезӣ осонтар гардонидааст. Аз ин рӯ ҳавасмандиашон ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ афзудааст».
Дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлим кишти картошка то нимаи дуюми моҳи июн идома ёфта, дар баъзе мавзеъҳо ҷамъоварии картошка аз ҳамин вақт оғоз мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд






