Дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти шаҳр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Корхонаи мазкур дар деҳаи Регари Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акбар Ҳомидов дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии мамлакат сохта шуда, дар марҳилаи аввал 4 намуд маҳсулот, аз қабили чойник, пиёла, коса ва табақ истеҳсол карда мешавад.
Корхона бо технологияи соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он маҳсулоти хушсифат истеҳсол мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли чойник, пиёла ва коса аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, баъди дар чанд марҳила коркард намудан аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. Дар навбати авал дар корхона бештар аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки бештари онҳо занон мебошанд. Корхонаи мазкур дар як сол бо иқтидори то 500 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол менамояд, ки ин раванд имконият медиҳад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шавад. Роҳбарияти корхона ният доранд, ки дар оянда бо ворид намудани хати нави технологӣ ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуда, шумораи кормандонро ба 60 нафар расонанд ва маҳсулоти хушсифати ватанӣ истеҳсол кунанд.
Рушди соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода дар заминаи аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзу имконият барои соҳибкорон таъмин гардида, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Турсунзода бунёди беш аз 20 коргоҳу корхонаи нав ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз аксари он сохта шуда, фаъолият мекунанд. Тавассути бунёди корхонаҳои нав номгӯи маҳсулоти санотӣ ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






