Дар Техас 5 нафар ҳангоми тирпаронӣ ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпаронӣ дар шаҳри Кливленди иёлати Техаси Амрико панҷ нафар ҳалок шуд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «ABC News» бо истинод ба полис.
Тирпарониро дар яке аз хонаҳои шаҳр эҳтимол шаҳрванди Мексика, ки бо туфангчаи навъи АР-15 мусаллаҳ буд, дар ҳолати мастӣ ба амал бароварда бошад.
Мувофиқи маълумоти полис, чаҳор нафар дар ҷои ҳодиса, панҷумӣ дар бемористон ба ҳалокат расид. Аз ҳама ҳалокшудаи хурдтарин ҳаштсола будааст.
Аз сокинони маҳаллӣ хоҳиш карда шуд, ки то анҷоми тафтиш дар хона бимонанд ва аз ҷойи ҳодиса дуртар бошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






