Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ даври омӯзишӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» даври такмили ихтисос ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.
Барои раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои муаррифии Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ҳуқуқ ва вазифаҳои истифодабарандагони замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҳангоми истифодаи замин ва ғайра машғулият гузаронида мешавад.
Дар ҷамъбасти даври такмили ихтисос дар мавзуи «Истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» ҳамоиш доир карда мешавад.
Шунавандагони даври омӯзишӣ баъд аз суҳбат-санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.
Дар ифтитоҳи даври такмили ихтисос роҳбарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






