«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Хатлон даври шаҳрию ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад

Май 11, 2023 13:50

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даври шаҳрию ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Хатлон 2 май оғоз ёфта, то 15 май идома меёбад. Дар он доираи васеи довталабони синни гуногун иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.

Ҳайати ҳакамони озмун аз ҳисоби донишмандону муҳаққиқон, адибону адабиётшиносон интихоб шуда, ба донишу ҳунари довталабон аз рӯйи талаботу шартҳои муайян баҳо мегузоранд.

Имсол озмун аз рӯйи шаш номинатсия, аз ҷумла адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр барпо мегардад. Ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Иштирокчиёни беҳтарини даврҳои шаҳрию ноҳиявии озмун ба даври вилоятии он, ки моҳи август дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 11, 2023 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст