Иқтисодиёти рақамӣ омили рушди иқтисодиёти муосир ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат аст

Май 14, 2023 15:58

ДУШАНБЕ,13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раванди рақамикунонӣ ба мо имконияти зиёд фароҳам меорад ва мо новобаста аз ҷойи қарордошта аз тамоми иттилоот бохабар мегардем, соҳибкорон дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон фаъолияти тиҷоратию соҳибкорияшро ба анҷом мерасонанд. Муҳосиб барои гирифтани дастхат ба ягон дар надаромада, тавассути шабакаи ягонаи рақамӣ амалиёташро ба анҷом расонида, тамоми пардохтҳои ғайринақдӣ аз дилхоҳ гӯшаи дунё дар муҳлати кӯтоҳтарин ба ҷойи зарурӣ мерасанд- ҳамаи инро амалиёти иқтисодиёти рақамӣ меноманд, мегӯяд муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Қузратзода. 

Рустамҷон Қузратзода чунин назар дорад, ки «дар шароити имрӯз яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рақобатпазир будани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба татбиқи иқтисодиёти рақамӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Консепсияи мазкур ба марҳала ба марҳала анҷом додани рақамикунонӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шуда, давраи амалишавии он дар се марҳала то соли 2040 ба нақша гирифта шудааст. Марҳалаи якум то соли 2025, дуюм то соли 2030 ва марҳалаи сеюм то соли 2040 –ро дар бар мегирад.

Дар марҳалаи аввал мебояд чунин корҳо ба анҷом расонида шавад:

– мустаҳкамкунии асосҳои рақамӣ ва муайян кардани ташаббусҳои

калидии таъсири пайвастаи самаранокии лоиҳаҳо;

– тайёр кардани кадрҳои ихтисоснок;

–эҷоди модели асосҳои рақамӣ ва муайян кардани раванди рақамикунонӣ;

– муайян кардани ҳадафҳои асосии муваффақияти табдили рақамӣ;

– арзёбии вазъи кунунии рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувафақияти табдили рақамӣ;

– дастгирии иттилоотӣ ва таълимии табдили рақамӣ;

– экосистемаи раванди рақамикунонӣ;

– маблағгузорӣ ва буҷет;

«Марҳалаи дуюм аз соли 2026 то соли 2030-ро фаро гирифта, ҳадафаш таъмини дастрасии фарохмаҷро доир ба амнияти итилоотӣ, киберамният ва ҳуҷуми технологияҳои навтарину ҳимоя аз онҳо мебошад. Инчунин таъсиси марказҳою равзанаҳо (платформаҳо) ва рушди хизматрасонии рақамӣ, дастгирии иттилоотӣ, Маркази такмили ихтисос, инноватсия ва оғози лоиҳаҳои озмоиширо дар бар мегирад.

Марҳалаи сеюми табдилдиҳии рақамӣ солҳои 2031-2041 буда, мақсади асосӣ боз ҳам пурзӯр кардани лоиҳаҳои ғайрирақамӣ ва рақамиро пешбинӣ мекунад, ки асосан дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани лоиҳаҳои рақамӣ дар соҳаҳои асосии саноат, инчунин дар соҳаҳои иҷтимоӣ мувофиқи афзалияти пешбиникардаи миллӣ, «Стратегияи рушд барои давраи то солҳои 2030», ки рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, телекамуникатсия ва нақлиёт, саноат, аз ҷумла, истихроҷи маъдан, тиҷорат, дигаргунсозии бахши хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф ва тандурустиро дар бар мегирад»,-гуфт Рустамҷон Қузратзода.

То охири давраи соли 2040 ба нақша гирифтани дивидентҳои назарраси рақамӣ аз татбиқи миёнамуҳлати «Барномаи рушди иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон», то 2% афзун кардани маҳсулоти иловагӣ, ба вуҷуд овардани 0,5 миллион ҷойи нави кор ва баланд шудани сифати зиндагонии аҳолӣ аз ҳисоби дигаргунии куллӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба амал бароварда мешавад. Инчунин ҳангоми амалӣ гардидани чунин мақсадҳо метавонад чунин пешрафти назарраси дигар ба вуҷуд ояд:

– рақамикунонӣ ба бештаре аз соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки аз ҳисоби сарфаи вақти кормандон ҳосилнокии меҳнати кормандон зиёд гардад. Албатта, барои аксар хизматрасонӣ ва пардохтҳои шартномавӣ ва харидорӣ вақти зиёд харҷ мегардад, ки ин раванд метавонад дар вақти кӯтоҳ амалӣ гардад:

– рақамикунонӣ метавонад хараҷотро кам карда, даромади корхонаро зиёд намояд. Дар раванди рақамикунонӣ корфармо бо ҷалби корманд ба шуғли фосилавӣ хароҷоти таъсиси ҷойи кор, арзиши неруи барқ,  лавозимоти конселярӣ кам карда, имкон медиҳад, ки маоши кормандон зиёд гардад. Инчунин метавонанд тариқи фосилавӣ чунин мутахассисони заруриро дар дигар соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф низ истифода намоянд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин иқдом саволе ба миён меояд, ки оё ягон мушкилӣ метавонад ба миён ояд, ки боиси хатар ба амнияти иқтисодӣ гардад? Дар ҳақиқат, пешрафт бе мушкилот буда наметавонад ва раванди рақамисозӣ низ метавонад мушкилӣ ба бор орад ва натиҷаи он боиси ноамнии амнияти иқтисодӣ гардад:

– имконияти дуздидани маълумот ва пешниҳоди маълумот ба дигарон тавассути ҳамлаҳои киберӣ. Тамоми маълумоти иқтисодию сиёсӣ, сармоягузорӣ, маълумоти шахсӣ рақамӣ кунонида шудаанд ва бехатар нигоҳ доштани он вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Дар аксари маврид ин имконпазир аст, зеро таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки бо вуҷуди дифои қавӣ онҳо имконияти шикаст хӯрданро доранд.

– эҳтимоли афзоиш ёфтани бекорӣ дар баъзе мамлакатҳо, ки дараҷаи саводнокияшон кам буда, афзоиши табиии зиёд доранд. Бо вуҷуди мавҷуд гардидани 0,5 миллион ҷойи кори нав дар раванди татбиқи Консепсияи рақамикунонӣ метавонад аз ин нишондиҳанда зиёдтар бекорӣ ба вуҷуд ояд.

Ҳамин тариқ, бо рушди зеҳни сунъӣ, идоракунии рақамӣ ва аз байн рафтани касбҳои кӯҳна дар бозори меҳнат шумораи зиёди одамонро озод кардан мумкин аст. Масалан, бо назарияи нави технологияҳои пешқадами замонавии Блок Чейн ва бо татбиқи пурра гузаштан ба ин низоми рақамӣ то соли 2050-ум имконияти афзун шудани бекорон ва ба ҷойи онҳо кор кардани ақлҳои сунъӣ ва роботҳо ба миён меояд. Дар бештари давлатҳои ҷаҳон аллакай чунин корхонаҳо фаъолият намуда истодаанд, ки ба ҷойи 20 коргар як робот шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Дар ин маврид зарурат пайдо мегардад, ки бештаре аз ихтисосҳо аз байн рафта, талабот барои тайёр кардани коргарон аз рӯйи касбҳои нави серталаб ва бо кор таъмин намудани онҳо зиёд гардонида шавад;

– дастрас набудани хизматрасонӣ ва амалиёти рақамиро надонистани аксари шаҳрвандон махсусан дар деҳот бо дар назардошти 74 % истиқомат намудани аҳолии мамлакат. Сатҳи маърифати аҳолӣ дар соҳаи рақамисозӣ паст буда, дар баъзе нуқтаҳо аз сабаби надоштани малакаи истифодаи компютер, банкомат, набудани постерминалҳо ва надоштани смартфонҳо мушкилот ба бор меорад, аммо ин вазъият, албатта, ҳалшаванда буда, танҳо вақт талаб мекунад.

Бо назардошти ҳамаи ин метавон якчанд корҳоро суръат бахшид, ки ба манфиати амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ буда,  барои рушди минбаъдаи ин самт тадбирҳои зеринро амалӣ кардан зарур аст:

– баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолии ҷумҳурӣ ва бори дигар фаҳмонидани самаранокии он дар корхонаҳо ва дигар ташкилот, аз ҷумла, омӯзиши самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва фанҳои дақиқ дар деҳот. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташакули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад»;

– афзун намудани инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва таъмини дастрасии он дар ҷумҳурӣ. Дар ин раванд гузаронидани хатҳои интернетӣ, вайфайҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва афзун кардани суръати интернет дар тамоми қаламрави мамлакат;

– омода намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи иттилоот  ва иқтисод оғоз аз зинаи поёнӣ. Барои ин пурзӯрнамои донишҳои компютерӣ ва бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонидани тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ аввалиндараҷа мебошад;

– ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдии тамоми хизматҳои давлатӣ тавассути хизматҳои рақамӣ ва пайваста таблиғ намудани он барои мардуми ҷумҳурӣ.

Рустамҷон ҚУЗРАТЗОДА,
 муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти
 стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро баррасӣ намуданд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ТУРСУНЗОДА-ШАҲР ДАР ҲОЛИ РУШД. Пешниҳоди сафардидаҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри саноатии Тоҷикистон
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад