Имрӯз дар Тоҷикистон бозиҳои даври ниҳоии чемпионати CAFA-2023 (U-20) баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон имрӯз, 28 май чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола ба анҷом мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе соати 10:30 бозии дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Узбекистон оғоз мешавад.
Бегоҳӣ соати 17:00 дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода мунтахабҳои Тоҷикистон ва Эрон бозӣ мекунанд.
Пас аз анҷоми бозии ниҳоии мусобиқа дар шаҳри Турсунзода маросими ҷоизасупорӣ доир мешавад.
Чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон (U-20)
Даври 5
28 май (якшанбе)
10:30 Афғонистон – Узбекистон
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
17:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






