Кормандони шуъбаву хадамоти фаврии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон малакаи касбияшонро баланд мебардоранд
ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 май бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони шуъбаву хадамоти фаврии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо ибтикори роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон машғулияти таълимӣ-дастурӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ҳадафи машғулияти методӣ, ки дар кори он ваколатдорони фаврии шуъбаву шуъбачаҳои кофтукови ҷиноятӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок доштанд, огаҳӣ пайдо кардан аз услубҳои муосири коргузории фаврӣ, сифатнокии ҷараёни ҳуҷҷатнигорӣ ва истеҳсолоти оперативӣ, тактикаи ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ ва ошкорсозии ҷиноят буд.
Таъкид гардид, ки дар ҳақиқат муқовимати устувор бар зидди экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир аз ҳар корманди мақомот доштани дониш, малака ва ҷаҳонбинии васеи соҳавӣ талаб менамояд. Хадамоти фаврӣ яке аз пояҳои асосии сохтори мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, ҳастӣ, иқтидор ва қувваи мақомот аз фаъолияти кормандони он вобаста аст.
Дар ҷараёни ҳар мавзуъ иштирокчиёни ҳамоиш бо пешниҳоди савол маълумоти зарурӣ гирифта, паҳлуҳои гуногуни мавзуи баррасишавандаро дақиқ намуданд. Маърузачиён низ маълумоти саҳеҳи соҳавӣ пешниҳод намуданд, ки имконияти хубу муфид барои мустаҳкам кардани донишҳои назариявии кормандони фаврӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гардид.
Пешниҳод гардид, ки ҳамин гуна машғулияту конференсияҳои таълимӣ дар самти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо ҷалби мутахассисони корозмуда давра ба давра баргузор карда шавад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






