МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудааст, истеъмол накунед

Май 14, 2023 13:39

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар расонаҳои иттилоотӣ ҳар гуна хабар дар мавриди заҳролудшавии сокинони мамлакат пас аз истеъмоли банкаҳои консервашуда паҳн гардида истодааст, ки боиси ташвиш ва изтироби шаҳрвандон мегардад. Ҳоло, ки мавсими захираи маҳсулоти консервашаванда фаро мерасад, хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки масъалаи то кадом андоза дуруст истифода шудани техникаи бехатарӣ ҳангоми омода намудан ва нигоҳдории консерваҳоро бо профессори кафедраи «Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рустам Бобохонов баррасӣ намояд.

Ба гуфтаи Рустам Бобохонов, пеш аз он ки консерваро истеъмол намоед, аввал ба намуди он хуб диққат диҳед, то дар он хирашавии моеъ, ҳубобчаҳо ё  мағор мавҷуд набошад. Сипас таъми онро хуб чашед, ки дар он маззаи туршӣ ё ягон маззаи бад мавҷуд ҳаст ё не. Агар зарфи консерваро барои истифода кушодед, боқимондаи он бояд дар шароити яхдон нигоҳ дошта шавад. Консерваи кушода набояд аз се рӯз зиёд нигоҳдорӣ шавад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳсулоти консервашуда ғизои тозакардашуда аст. Агар он бе яхдон нигоҳдорӣ шавад, бактерияҳои дар таркибаш мавҷуда дар ҳарорати хона афзоиш меёбанд.

Мавсуф мегӯяд, ки дар тамоми оилаҳои тоҷик маҳсулоти захиракардаи консерва мавҷуд мебошад. Агар занон хоҳанд, ки маҳсулоти консервакардаи онҳо безарар бошад, бояд қоидаҳои санитарию гигиениро ҳангоми коркард, омода намудан ва нигоҳ доштани он ҳатман риоя намоянд.

Ба гуфти профессор, меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд, ки тамоми фасли сол барои организм зарур мебошанд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки ба организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст. Аз ин рӯ барои омода намудани консерва аз сабзавоти вайроншуда, пӯсида ва дорои иллати дигар худдорӣ намоед. Дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури Офтоб хушк мекунанд, ки ин ба захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар Офтоб асту ба қисми дигар нури он намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст. Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.

«Коркард ва нигоҳдорӣ дар хона бояд хеле бодиққат ва амиқ анҷом дода шавад. Баъд аз маҳкам намудани зарфи консерва онро ғелонед, то боварӣ ҳосил кунед, ки сарпӯш пурра маҳкам шудааст, вагарна ҳавое, ки пас аз гардиш дар онҳо баста мешавад, боиси ферментатсияи маҳсулоти дохили зарфҳо мегардад ва онҳо метарканд. Баъди каме хунук шудани зарфҳо онҳоро ба ҷои нигоҳдории доимӣ кӯчонед ва чаппа гузореду болояшонро бо матои ғафс пӯшонед, то гармӣ нигоҳ дошта шавад. Новобаста аз он ки чӣ гуна консерва аст, беҳтар аст, ки онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред, онро махсусан аз ҳарорати баланд ва нури Офтоб бояд дур нигоҳ дошт»,- изҳор намуд Рустам Бобохонов.

Рустам Бобохонов иброз намуд, ки агар сарпӯши зарфи консервашуда дамида ва обаш тира гашта бошад, онро истеъмол накунед ва аз он ҳатто начашед. Зеро миқдори камтарини заҳри ботулинӣ хатарнок аст. Инчунин ба хӯришҳое, ки аз боимҷон, бодиринг ва карам, лӯбиёи сабз, лаблабу, занбӯруғ омода карда шудаанд, сахт аҳамият диҳед. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудааст, истеъмол накунед.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани маҳсулот ё дар шароити хона нокифоя тамиз кунондани зарфу маҳсулот, риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм ба миён меояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид