Намояндагони Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар бартарафсозии пайомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли 2023 ва саҳмгузорӣ дар расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ва муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода дар маросими тақдими медал ва ордени президентӣ «Барои хизмати шоистаи башардӯстона» ба намояндагони кишварҳое, ки дар бартарафсозии пайомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли равон ва расонидани кумакҳои башардӯстона саҳм гузоштаанд, иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 22 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия қарор дошта, дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзила иштирок намуданд.
Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери харобаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Ҳамчунин баъди 144 соати заминларза онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд.
Дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






