Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Қазон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 19 майи соли равон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Форуми байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Русия — ҷаҳони исломӣ: Kazan forum» бо иштироки намояндагон аз 64 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, вобаста ба шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Тоҷикистон ҷиҳати рушди зеҳнии наврасону ҷавонон сухан гуфтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.
Намояндагони Тоҷикистон дар ин Форум аз ҷумла иброз доштанд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон шароит фароҳам оварда шуда, барои пешафти ҳаёт, хусусан рушди зеҳнии онҳо чандин барномаву стратегияҳо татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.
Бояд гуфт, ки дар Форуми мазкур роҳбарият ва намояндагони дигар давлатҳо низ дар мавзуи мавриди назар изҳори андеша карданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






