Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар Форуми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми 8-уми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка гузашта истодааст, иштирок доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум аз 2 то 5 май баргузор гардида, дар он Вазири маориф ва илм, сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Тоҷикистонро намояндагӣ доранд.
Форум таҳти унвони «Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо» баргузор гардида, ҳадафи он муҳокима ва баррасии ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, фановарӣ ва дастгирии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар форум суханронии Вазири маориф ва илм дар назар дошта шуда, ҳамчунин вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои гуногун дар нақша аст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон









Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






