«ОИЛА-МАКОНИ КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ ИНСОН». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиш доир шуд

Май 12, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо мақсади баррасии масоили масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд таҳти унвони «Оила-макони камолоти маънавии инсон» ҳамоиш доир карда шуд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани марифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи комили фарзанд ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш изҳор карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба масъалаҳои гиромидошти беҳтарин арзишҳои оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, ҳифзу нигаҳдории оила ҳамчун асоси ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Зеро оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби аввалини зиндагӣ аст, ки пойдориву солимии ҷомеа аз он сарчашма мегирад.

Таъкид карда шуд, ки давлату ҳукумат, ки ҳифзкунандаи оила буда, ба солимиву пойдории он аҳамияти хосса медиҳанд, дар ин радиф мунтазам тадбирҳои судмандро ба роҳ мемонанд.

Қабул гардидани якчанд барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии  оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат  мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки мардуми тоҷик дорои анъанаҳои ибратбахши оиладорӣ буда, дар ҳар давру замон ба хонавода ва аҳли оилаву авлод арҷ мегузоштанд. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи вазифаҳое мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор медиҳад.

Дар робита ба ин иштирокчиён аз гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардиданд, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст