«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Душанбе маҳфили фарҳангӣ доир шуд

Май 13, 2023 08:24

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила (15 май) дар шаҳри Душанбе бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт бо мақсади устуворию пойдории оилаҳои ҷавон ва рӯй овардан ба урфу одатҳои хоси тоҷикона таҳти унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат»  маҳфили фарҳангӣ – маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маҳфили мазкур роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,  Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуд.

Гуфта шуд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт, рафти инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории маҳфил маросими тӯйи ду ҷуфт навхонадор доир шуда, ба 10 кӯдак аз оилаҳои камбизоат шаҳодатномаи таваллуд ва ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар маҳфил сарояндагони шинохтаи мамлакат бо сурудҳои худ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 13, 2023 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд