ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихоби бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад

Май 26, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ 43 даста ба ёздаҳ гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойи дуюмро ишғолкарда ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 26, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад