Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар номинатсияи пешниҳоди қарз/маблағгузорӣ ҷойи 1-умро «Аввалин бонки молиявии хурд», ҷойи 2-юмро «Бонки Арванд» ва ҷойи 3-юмро «Коммерсбонки Тоҷикистон» соҳиб гашт.
Дар номинатсияи ҷалби пасандоз Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» сазовори ҷойи 1-ум, «Саноатсодиротбонк» ҷойи 2-юм ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Азизӣ-молия» сазовори ҷойи 3-юм шуд.
Дар номинатсияи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ҷойи 1-умро «Алиф Бонк», ҷойи 2-юмро «Амонатбонк» ва ҷойи 3-юмро «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» соҳиб гашт. Аз рӯйи номинатсияи додани кафолати бонкӣ ҷойи 1- умро «Спитамен Бонк», ҷойи 2-юмро «Бонки Эсхата» ва ҷойи 3-юмро «Ориёнбонк» сазовор гардид.
Барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни мазкур ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл», «Фурӯз», «Финка», ҶСП «Халиқ Бонк Тоҷикистон» бо Ифтихорнома ва «Тавҳидбонк», Филиали бонки «Тиҷорат»-и Эрон дар шаҳри Душанбе, ташкилоти амонатии қарзии хурди «МАТИН», «Ардо-Капитал», Фондҳои қарзии хурди «Имон» ва «Рушди водии Зарафшон» бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.


Озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон» дар робита ба муқаррароти Протоколи ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, бо мақсади васеъ намудани дастрасии бонувони соҳибкор ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии молиявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ташвиқ ва тарғиби хизматрасонии молиявӣ байни аҳолӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва махсусан занҳои соҳибкор, афзун намудани дастрасии онҳо ба хизматрасонии бонкӣ ва ҳавасмандгардонии ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҳадафҳои асосии озмун мебошад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун раиси Бонки миллии Тоҷикистон Хоким Холиқзода иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Иброз гардид, ки соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор зан аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад. Дар маҷмуъ дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо гувоҳи равшани фаъол будани занон дар пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид






