Пагоҳ дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи баргузории Фестивал, барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Дар идомаи Фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши иштирокчиён мегардад.
Мақсад аз баргузории Фестивали атласу адрас — арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, инчунин тарғиби санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст.
Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид






