Пешбурд ва тақвияти «Дипломатияи обии Тоҷикистон» ба манфиати тамоми башарият аст

Май 13, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 11 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи солгарди 31-уми барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ дар Институти афкори стратегии Туркия дар мавзуи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мавзуи «Нақши ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва тағйироти иқлим»  ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) суханронӣ намуд.

Иброз гардид, ки воқеияти ҷаҳони муосир ва афзоиши мушкилоти вобаста ба обу тағйири иқлим собит намуда истодааст, ки масъалаи дастрасӣ ба об ва идоракунии самараноки муҳити солими ҳаётгузаронии башарият дар даҳсолаи оянда ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст. Тайи ду даҳсолаи охир мамлакати мо бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге гардид, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ қабул намуд.

Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии захираи оби ошомиданӣ дар сайёра мебошанд, ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз саҳми бузурги ҷумҳурии мо дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.

«Бо назардошти ояндабинии вазъи мавҷуда дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «дипломатияи об» самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба масъалаҳои гуфташуда рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон намудааст. Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои фаъол дар ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифта, дар амал татбиқ гардида истодаанд»,-афзуд ӯ.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд