РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ба ин муносибат Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи моҳвораи ҷавонон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар» ташкил карда шуд. Шунавандагони мактаб тариқи озмун аз ҳисоби ҷавондухтарони фаъоли вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилот интихоб шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Зарнигор Раҷабзода хабар дод.
Мактаби мазкур ҷиҳати зина ба зина аз сатҳи поёнӣ тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби шахсони лаёқатманду бомаърифат, аз ҷумла занону духтарон ба роҳ монда шуд.
Мактаби сайёр ба татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалби занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ дар онҳо мусоидат менамояд.
Дар раванди баргузории омӯзиши сиёсӣ ҷавондухтарон имконият пайдо менамоянд, ки бо фаъолияту таҷриба ва усулҳои кори занони роҳбар аз наздик шинос шуда, атрофи мавзуъҳои муайяншудаи соҳа ва самти фаъолияташон сабақ гиранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






